Ифтитоҳи Клуби дӯстони Тоҷикистон дар Санкт-Петербург

06 сентябри 2019
Назарҳо: 146

Дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Клуби дӯстони Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар ҷамъомаде, ки дар толори Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, намояндагони сохторҳои давлатӣ, аҳли илму фарҳанг ва ширкатҳои тиҷоратӣ ҷамъ омада, дар бораи таъсис додани клуб ва боз ҳам устувор кардани дӯстию ҳамкории байни Тоҷикистону Россия сухан гуфтанд.


Зимни суханронии худ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатали Назризода аз таърихи муносибатҳои Тоҷикистон бо Россия, сафарҳои нависанда ва мутафаккири тоҷик Аҳмади Дониш ба Санкт-Петербург, саҳми олимони рус дар омӯзиши табиату набототи кишвари мо, таъриху фарҳанги халқи тоҷик, саҳми халқи рус дар рушди Тоҷикистон ёдовар шуд. Ӯ зикр кард, ки дар шароити истиқлолият муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар руҳи иттифоқчӣ ва шарикии стратегӣ будан ривоҷ доранд. Дипломати тоҷик қайд кард, ки ҳамкориҳои минтақавии Тоҷикистон бо субъектҳои федерацияи Россия дар Минтақаи федералии шимолу ғарбӣ, хусусан Санкт-Петербург, ки бо Душанбе бародаршаҳр мебошад, ба таваҷҷуҳи бештар ниёз доранд, ки дар ин ҷода Клуби дӯстони Тоҷикистон метавонад фаъолияти назаррас дошта бошад.

Ректори Донишкадаи Смолний, доктори илмҳои таърих Виктор Прокопевич Казантсев зимни баромади худ аз солҳои фаъолияташ дар Тоҷикистон ба некӣ ёдовар шуда, рушди ҳамкориҳоро дар соҳаи маориф, алалхусус омода кардани олимони ҷавон муҳтим арзёбӣ намуд. Ӯ зикр кард, ки омода аст ҷиҳати тайёр кардани олимони ҷавони соҳаи таърих, дастрасӣ ёфтани онҳо ба бойгониҳои Россия кумаки худро расонад.

Вероника Евгеневна Нуждина, директори ширкати “Спансет” дар бораи сафараш ба Тоҷикистон ёдовар шуда, дар бораи табиат, шароитҳои сайёҳӣ, имкониятҳои рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ тавассути тавсеаи робитаҳои тиҷоратии Клуби дӯстони Тоҷикистон ҳарф зад ва иброз дошт, ки ин, бешубҳа, ба муаррифии беҳтари Тоҷикистон дар пойтахти фарҳангии Россия таъсири худро гузошта метавонад.

Директори генералии ширкати “STI Inernational” Олга Владимировна Ходаковская, ки ҳамзамон раиси ТОП-50 соҳибкори муваффақи Санкт-Петербург мебошад, зимни баромадаш хабар дод, ки дар доираи Бизнес-форуми дар моҳи октябр доиршаванда омода аст ҳамкасбони тоҷикистонии худро ба мақсади роҳандозии робитаҳои мустақим ва нақшаҳои минбаъда роҷеъ ба ҳамкорӣ ба Санкт-Петербург даъват намояд.

Виктория Александровна Хаглеева - сардори Раёсати Нозироти меҳнати Санкт-Петербург зикр намуд, ки ифтитоҳи Клуб чун намунаи хуби шиносоӣ бо одамҳои нав ва муошират бо дӯстон хизмат карда метавонад.

Иштирокчиёни дигар низ аз ҷумлаи кормандони сохторҳои тиҷоратӣ, бонкӣ, ҳуқуқшиносон ва соҳибкорони инфиродӣ зимни суханронҳои худ ин иқдомро ҳамчун як марҳилаи нав ва намунавии барпо намудани ҳамкорӣ ҳамаҷониба қабул намуданд. Аъзоёни Клуб бо мақсади тақвият бахшидан ба муносибатҳои тиҷоратӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистону кишварҳои хориҷӣ пешниҳод намуданд то ҷуғрофияи Клуб аз ҳисоби шарикони хориҷияшон аз давлати Белорусия, Литва, Латвия, Эстония ва Финляндия васеъ карда шавад. Ғайр аз ин ҳозирин изҳори омодагӣ намуданд, ки ба моҳи октябри соли ҷорӣ дар доираи бизнес-форуми шаҳри Санкт-Петербург соҳибкорони тоҷикистониро даъват намоянд.

Интизор аст, ки бо оғози фаъолияти Клуб ва мустаҳкам намудани сохтори он таваҷҷӯҳи Клуб ба ҳамкорӣ бо сохторҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, рӯзҳои наздик дар доираи он дар ш. Санкт-Петербург шомҳои эҷодӣ, ҳунарӣ ва намоиши расмҳои рассоми тоҷик Матлуба Яҳёева барпо мегарданд.

Вероника Нуждина якдилона роҳбари Клуби дӯстони Тоҷикистон интихоб гардид.