Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Санкт-Петербург

on 28 июни 2019
Назарҳо: 1357

27 июни соли 2019 дар толори Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади идона доир гардид. Дар чорабинӣ ҳамватанони муқими кишвари иқомат аз ҷумлаи аҳли илму фарҳанг, роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, соҳибкорон ва донишҷӯён ҳузур доштанд.

 

    Зимни суханронии худ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатали Назризода аз воқеаҳои ваҳшатбори солҳои аввали истиқлолият ва раванди сулҳ, ба имзо расидани Созишномаи сиёсии сулҳи тоҷикон ёдовар шуда, нақши бузургу марказии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин марҳилаи тақдирсоз ҷиҳати хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ба сулҳу салоҳ овардани тарафҳои даргир, таъмини суботу ваҳдат ва рушди устувори кишвар махсусан таъкид намуд. Консули генералӣ роҷеъ ба дастовардҳои бузурги ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун, бахусус кӯшишҳо барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, суръат бахшидан ба индустрикунонии кишвар, сохтмони корхонаву иншоотҳои гуногун, аз ҷумла ба кор андохтани чархаи аввали НОБ-и Роғун сухан ронда, қайд кард, ки яке аз заминаҳои асосии ҳамаи ин комёбиҳо ваҳдату ягонагии сокинони ҷумҳурист. Ӯ аҳли толорро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфт,аз онҳо даъват ба амал овард, ки ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошанд.
    Дар ҷамъомад раисони иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва фаъолони диаспораи тоҷик бо суханони табрикӣ баромад карда, аз нақши бузурги Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти тоҷикон ва сарҷамъ овардани мардум, аз вартаи фалокат наҷот бахшидани кишвар ёдовар шуданд, ҷиҳати боз ҳам муттаҳид шудану ҳифз намудани ваҳдати ростин даъват намуданд.