Печать

Сафари кории Консули генералии Тоҷикистон ба вилояти Псков

on 12 апрели 2019
Назарҳо: 1488

11-12 апрели соли 2019 года сафари Кинсули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода ба вилояти Псков баргузор гардид.

 

     11 апрел дар ш. Великие Луки вохӯрии Д.Назризода бо директори генералии Комбинати гушти Великие Луки Руслан Владимирович Мартсенкевич доир гардид. Дар рафти мулоқот масъалаҳои вобаста ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар фермаҳои ҳукпарварии марбут ба Комплекси хукпарварии Великие Луки, вайронкунии қонунгузорӣ дар робита бо шароитҳои зист, меҳнат, таъмини ғизо, шароитҳои санитарӣ-гигиенӣ ва расондани ёрии тиббӣ ба шаҳрвандон муҳокима гардиданд.
       Консули генералӣ бо ишора ба шикоятҳои шаҳрвандони Тоҷикистон қайд кард, ки шароити корӣ ва муносибатҳои меҳнатӣ бо шаҳрвандорни Тоҷикистон дар баъзе фермаҳои хукпарварӣ беҳбудӣ мехоҳанд.
    Сипас Консули генералӣ бо шароитҳои зист ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар комбинати гушт шинос шуда, бо ҳамватанон суҳбат орост, таклифу эродҳои худро ба намояндагони маъмурияти коргоҳ пешкаш намуд.
     Дар доираи сафар Консули генералӣ дар шаҳри Невел бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар фермаҳои хукпарварӣ кор мекунанд, мулоқотҳо ороста, бо вазъи кору зиндагии онҳо аз наздик шинос шуд, дар беморхонаи марказии шаҳр аз аҳволи чанд ҳамватан хабардор шуд.
12 апрел Давлаталӣ Назризода дар маркази вилоят бо Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Псков Владимир Викторович Спиридонов вохӯрд. Дар рафти суҳбат масъалаҳои фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Псков, роҳандозӣ ва рушди робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии байни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилояти Псков баррасӣ шуданд.
     Худи ҳамон рӯз вохӯрии кормандони Консулгарии генералӣ бо иҷрокунандаи вазифаи Сардори Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандии вилояти Псков Владимир Василевич Кукуртсев ҷараён гирифт. Сипас Д.Назризода бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин марказ қарор доштанд, вохӯрда, бо шароитҳои зисту нигаҳдории онҳо шинос гардид.
Дар фарҷоми барномаи сафар дипломати тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Псков бо проректори донишгоҳ Марина Юревна Махатаева ва донишҷӯёни тоҷикистонии ин мактаби олӣ вохӯриҳо анҷом дод. Дар рафти мулоқот бо роҳбарияти донишгоҳ масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъдаи мактабҳои олии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии Псков, аз ҷумла, дар мавриди табодули донишҷӯёни Россия ва Тоҷикистон ва ҷудо кардани бурсия (квота) барои таҳсили аспирантҳо баррасӣ шуданд. Ин андешаро роҳбарияти донишгоҳ дастгирӣ намуда, инчунин ҷиҳати тавсеа бахшидани робитаҳо дар ин самт изҳори ҳавасмандӣ кард.