Сафари Раиси шаҳри Исфара-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-петербург

12 декабри 2018
Назарҳо: 458

Рӯзҳои 10-12 декабри соли 2018 Раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода дар шаҳри Санкт-Петербург қарор дошт. Сафари мазкур дар арафаи ҷашни 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистон ташкил карда шуд.


Сиҷоуддин Саломзода якҷоя бо Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Давлатали Назризода бо соҳибкорон-зодагони шаҳри Исфара дар меҳмонхонаи “Olimpia Garden” ва тарабхонаи “Золотой двор” вохӯрд. Дар муроҷиати худ ба соҳибкорон-ҳамватанон Раиси ш.Исфара пешниҳод намуд, ки ба иқтисодиёти шаҳри зодгоҳи худ, барои рушди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд. Консули генералӣ пешниҳоди Сиҷоуддин Саломзодаро дастгирӣ намуда, қайд кард, ки ин вохӯрӣ моҳияти бисёр муҳим дорад, чунки бори аввал мақомдори Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан ба Санкт-Петербург, барои вохӯрӣ бо ҳамватанон, бо мақсади ҳалли масъалаҳои вобаста ба шаҳри зодгоҳ ва мусоидат барои татбиқи ташааббусҳо меояд ва мо ҳаракати ҳамватанонро ҷиҳати кӯмак ба давлат барои ободонии кишварамон дар дар ин ҷода пуштибонӣ мекунем.
Инчунин Раиси шаҳри Исфара ва Консули генералӣ ба ҷоизаи ҳарсолаи “Студент года”, ки бо ташаббуси ИҶМ “МОСТ” ташкил карда шуда буд ташриф оварданд. Аз рӯи ҷамъбасти сол зодагони беҳтарини Тоҷикистон аз рӯи 8 номинатсия мукофотонида шуданд.