Вохӯрии Консули генералии Тоҷикистон бо муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

on 12 январи 2019
Назарҳо: 1467

Рӯзи 11 январи соли 2019 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Давлатали Назризода бо муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода ва роҳбари Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Руқия Раҳматзода баргузор шуд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петрбург ва масъаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ шуданд.
Рӯзи 11 январ Консули генералӣ бо муовини Раиси ҲХДТ ба бозори “Сенной” ташриф оварданд. Дар вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ Р.Бобоҷониён оид ба фаъолияти ҳизб ахборот дода, саволҳои мубрам ва масъалаҳои ҷойдоштаи ҳамватанонро гӯш карда, ба онҳо посух дод.
Рӯзи 12 январ дар бинои Консулгарии генералӣ вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси ҲХДТ бо роҳбарони чамъиятҳо, намояндагони диаспора, соҳибкорон ва донишҷӯёни тоҷик баргузор гардид. Дар ҷамъомад намояндаи Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодибой Тураев ва имом-хатиби масчиди “Сенной” Акбар Ниёзов иштирок доштанд. Дар ҷамъомад паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 муҳокима гардид. Нуқтаҳои асосӣ ва тезисҳои муҳими паём шарҳ дода шуданд. Сипас Д.Назризода ва Р.Бобоҷониён ба саволҳои ҳамватанон посух доданд.
Пас аз ҷамъомад муовини Раиси ҲХДТ ба майдони сохтмон дар шаҳри Кудрово-и виояти Ленинград ташриф оварда бо ҳамватанон сӯҳбат орост ва барои ҳалли масъалаҳои ҷойдошта машварат дод.