Таҷлили соли нав дар Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург

31 декабри 2018
Назарҳо: 452

Рӯзи 29 декабри соли 2018 дар бинои Конулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург бахшида ба Соли нави 2019 ҷамъомади ҷашнӣ баргузор шуд.


Дар чорабинӣ ҳамватаноне, ки дар кишвари иқомат ба сар мебаранд, аз ҷумлаи намояндагони диаспора, доираҳои илмию эҷодӣ, соҳибкорон, роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон ва донишҷӯён иштирок карданд.
Консули генералӣ Давлаталӣ Назризода бо суханони табрикӣ баромад намуда, дастовардҳои муҳими кишвар дар соли 2018-ро қайд намуд. “Ба қатори рӯйдодҳои таърихии соли гузаштаистода ба истифода додани чархаи аввали НОБ-и Роғунро дохил накардан номумкин аст. Ин ҳам бошад бо шарофати сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати фидокоронаи сокинони мамлакат ва сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ба даст омад”.
Дипломати тоҷик инчунин дар бораи тағйироти мусбат дар муносибатҳои ду кишвар - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон қайд намуд: “Як қатор масъалаҳо, ки дар давоми зиёда аз ду даҳсола ҷамъ шуда буданд роҳи ҳалли худро ёфтанд, ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ устувор шуданд ва миллионҳо шаҳрвандони ҳарду кишвар шароити равуо бо хешу табори худро пайдо намуданд”.
Дипломати тоҷик иттилоъ дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд. “Дар ин ҷой, дур аз Ватанамон мо бояд эътибори кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ устувор намуда, симои мусбати Тоҷикистонро беҳтар муаррифӣ созем. Қувваи мо дар муттаҳидист ва мо метавонем якҷоя барои шукфоии кишвари худ комёбиҳои бузургро ноил шавем”- қайд кард Д.Назризода.
Консули генералӣ ба ҳозирин зиндагии хушбахтона ва дастовардҳои нав барои рушди Ватан орзу намуда, ба ҳамватанон барои ҳамкорӣ бо Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург сипосномаҳо супорид.
Пас аз қисми тантанавии чорабинӣ меҳмонон ба дастурхони идона бо таъомҳои милли Тоҷикистон даъват карда шуданд.