Вохӯрии консулҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия

11 октябри 2018
Назарҳо: 79

11 октябри соли 2018 дар бинои Консулгарии генералии Тоҷикистон вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Давлатали Назризода бо Консули генералии Ҷумҳурии Туркия дар Санкт-Петербург Юнус Белет баргузор гардид.


      Давлатали Назризода дипломати туркро ба муносибати оғози кораш дар вазифаи Консули генералии Ҷумҳурии Туркия дар Санкт-Петербург табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдааш муваффақиятҳо орзу намуд, роҷеъ ба тақвияти ҳамкорӣ байни ду муассисаи консулӣ дар пойтахти шимолии Россия изҳори умедворӣ кард.
      «Муносибатҳои дӯстонаи байни Тоҷикистон ва Туркия тадриҷан рушд ёфта, самтҳои зиёдро фаро мегиранд, - зикр кард Д.Назризода, - Мо итминон дорем, ки ҳамкории мо боз ҳам таҳким ёфта, барои татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак имкон хоҳад дод».
      Юнус Белет ба дипломати тоҷик барои суханони самимӣ изҳори сипос намуда, қайд кард, ки «халқҳои ду кишвари дӯстро арзишҳои маънавии умумӣ муттаҳид мекунанд ва дар ин асос мо барои рушди бештари ҳамкориҳои судманди Туркия ва Тоҷикистон ба хотири манфиату шукуфоии кишварҳоямон кӯшиш ба харҷ медиҳем».
      Сипас роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкории муассисаҳои консулӣ ҷиҳати ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, аз ҷумла, бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз дар пойтахти шимолии Россия табодули назар сурат гирифт.
      Дар фарҷоми мулоқот Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамтои худ туҳфаи хотиравӣ – кундал, кори ҳунармандони Тоҷикистонро тақдим намуд.