Ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург

13 сентябри 2018
Назарҳо: 108

Рӯзи 15 сентябри соли 2018 бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ҷамъомади ҷашнӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад қариб 100 нафар, аз ҷумлаи намояндагони доираҳои илмию эҷодии интеллигенсия, диаспораи тоҷик, донишҷӯён ва дигар меҳмонон иштирок карданд. Дар баромади худ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода оид ба таърихи 27-солаи ҷумҳурӣ маълумот дода, ба дастовардҳои кишвар дар давоми ин солҳо баҳои баланд дод. Қайд карда шуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии халқ сулҳ барқарор карда шуда, тариқи ислоҳотҳо рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ба роҳ монда шуд. Д.Назризода таъкид намуд, ки муттаҳидии сокинони Тоҷикистон яке аз гаравҳои асосии дастовардҳои кишвар мебошад. Ӯ ҳозиринро бо ид табрик намуда даъват кард, ки муттаҳид бошанд ва дар кишвари иқомат ҳамдигарро дастгирӣ намоянд.
Меҳмонони даъватшуда низ бо суханони табрикӣ баромадҳо намуданд. Ҷамъомади ҷашнӣ бо баромади ҳунарии донишҷӯён, ки дар Пойтахти шимолии Россия таҳсил мекунанд идома ёфт. Бо ба анҷом расидани қисми расмии ҷамъомад барои иштирокчиён дастурхон ороста шуд ва таъомҳои миллӣ пешниҳод карда шуданд.