Сафари кории Консули генералӣ ба вилояти Мурманск

03 августи 2018
Назарҳо: 167

29-31 июли соли 2018 сафари кории Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода ба Мурманск доир гардид.


     Дар рафти боздид вохӯрии ӯ бо муовини губернатори вилояти Мурманск Роман Анатолевич Дурягин баргузор шуд. Дар гуфтушунид ҳамчунин муовини аввали Вазири рушди иқтисоди вилоят Алла Владимировна Шпак, раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ Константин Николаевич Бережний ва раиси Кумитаи фарҳангу санъат Сергей Борисович Ершов иштирок доштанд.
     Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилояти Мурманск муҳокима гардида, зимни ин ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Р.А. Дурягин дар борат зарфиятҳо ва пешомадҳои рушди вилояти Мурманск, оид ба лоиҳаҳое, ки дар минтақаи Арктика амалӣ мешаванд, нақл кард. Муовини губернатор зикр намуд, ки вилоят ба мутахассисони соҳибкасб эҳтиёҷ дорад ва омода аст, ки бо ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба кор таъмин намудани шаҳрвандон ҳамкорӣ кунад. «То имрӯз мо бо Тоҷикистон тамоси наздик надоштем. Умедворам, ки вохӯрии имрӯза ба ин мусоидат хоҳад кард. Мо медонем, ки муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон хубанд. Ин на фақат тариқи тамосҳои дуҷониба, балки дар доираи созмонҳои байналмилалӣ – СҲШ, ИДМ, ки дар он имсол Тоҷикистон раисӣ мекунад, сурат мегирад», – зикр кард Роман Дурягин.
      Дар навбати худ, Консули генералӣ роҷеъ ба рушди муносибатҳои Тоҷикистон бо Россия, пешомадҳои ҳамкории байниминтақавӣ маълумот дода, пешниҳод кард, ки роҳандозии робитаҳо оид ба самтҳои муайян мушаххас карда шаванд. «Мо дар кори худ аз он бармеоем, ки кишварҳои мо шарикони стратегӣ мебошанд. Кишварҳои мо дар доираи бисёр созмонҳо ҳамкорӣ мекунанд, оид ба бисёр масъалаҳои минтақавӣ мавқеи монанд ё наздик доранд. Алоқамандии зиёд барои минбаъд ҳам таҳким бахшидани ҳамкориҳо, васеъ кардани самтҳои он мавҷуд аст», – зикр намуд дипломати тоҷик. Андешаи ҳамсуҳбаташро дастгирӣ намуда, ӯ соҳаи муҳоҷирати меҳнатиро ҳамчун яке аз самтҳои эҳтимолии ҳамкорӣ ҷудо намуд. Д. Назризода ёдовар шуд, ки ҳануз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Мурманск кор ва хизмат карда буданд, донишҷӯёни мактабҳои олии Душанбе дар ҳайати отрядҳои донишҷӯёни бинокор дар трести «Апатит» дар сохтмони иншоотҳои саноати кимиёвӣ ҷалб шуда буданд.
      Рӯзи дигар мулоқоти Консули генералӣ бо раиси кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Мурманкс Константин Николаевич Бережний, муовини аввали Вазири тандурустии вилоят Эдуард Николаевич Гончаров ва директори Маркази шуғли аҳолии шаҳри Мурманск Павел Анатолевич Ченский баргузор гардид. Вазъи бозори меҳнати вилояти Мурманск ва имкониятҳои рушди минбаъдаи он муфассал шарҳ дода шуд. Зикр гардид, ки дар нимаи аввали соли 2018 345 шаҳрванди Тоҷикистон бо корфармоёни маҳаллӣ шартномаи меҳнатӣ имзо кард, ҳамчунин ба онҳо 286 патент дода шуд. Ғайр аз ин, дар доираи татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба муҳоҷирати ихтиёрии ҳамватанони муқими кишварҳои хориҷӣ ба Россия, аз Тоҷикистон ба вилояти Мурманск 129 нафар кӯчид, ки аз онҳо беш аз 90 кас маълумоти касбии мавриди ниёзи бозори меҳнат дорад. Иштирокчиёни вохурӣ аз ҷониби Мурманск қайд карданд, ки ҳоло барои кор дар муассисаҳо ва корхонаҳои вилоят дар соҳаҳои тиб, сохтмон, истеҳсолоти коркард ва ғайра беш аз 8 ҳазор ҷойи кори холӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо метавонанд шаҳрвандони Тоҷикистон кор кунанд. Сипас кормандони Консулгарии генералӣ аз Маркази шуғли аҳолии шаҳри Мурманск дидан карда, онҷо бо шароитҳои барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо барои муҳоҷирони меҳнатӣ шинос шуданд.
      Ҳануз дар рӯзи нахустини сафар ба Мурманск дар меҳмонхонаи «Азимут» вохӯрии Консули генералӣ бо ҳамватанони муқими қаламрави вилоят баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбур ба будубош ва фаолияти меҳнатии шаҳрвандон дар минтақаи Арктика муҳокима шуданд. Дар суҳбат бо шаҳрвандон Консули генералӣ зикр кард, ки роҳбарияти ҷумҳурӣ ба шароитҳои корӣ ва зисти ҳамватанон дар кишварҳои хориҷӣ диққати махсус медиҳад ва муассисаи консулӣ кумаки заруриро барои ҳалли масъалаҳои пайдошаванда мерасонад. Ҳозирин роҷеъ ба баъзе масъалаҳои будубоши худ ибрози андеша намуда, ба саволҳои худ посух гирифтанд. Давлатали Назризода ба онҳо тавсия дод, ки муттаҳид бошанд, ҳамдигарро дастгирӣ кунанд ва дар чорабиниҳои шаҳрию вилоятӣ фаъолона ширкат варзанд, фарҳанги халқи худро муаррифӣ намоянд. Ин таклиф аз ҷониби ҳозирин якдилона дастгирӣ ёфт.