Печать

Вохӯрии Консули генералӣ бо муовини раиси Кумита оид ба худидоракунии маҳаллӣ, муносибатҳои байни миллатҳо ва конфессияҳои вилояти Ленинград

on 19 майи 2017
Назарҳо: 1399

19 майи соли 2017 дар Хонаи дӯстии вилояти Ленинград вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода бо муовини раиси Кумита оид ба худидоракунии маҳаллӣ, муносибатҳои байни миллатҳо ва конфессияҳои вилояти Ленинград Галина Ивановна Габушева баргузор шуд.
Дар рафти баррасии масъалаҳои ҳамгироӣ байни Консулгарии генералӣ ва Кумита дипломати тоҷик қайд намуд, ки ҷониби Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои зич бо субектҳои округи федералии Шимолу-Ғарб рағбат дорад ва хоҳиш намуд, ки кор бо диаспораи тоҷик низ ба роҳ монда шавад.
Д.Назризода қайд намуд, ки аз рӯи маълумотҳои мавҷуда байни диаспораи тоҷик ва Хонаи миллатҳо дар шаҳри Санкт-Петербург ҳамкории самаранок ба роҳ монда шудааст ва агар чунин таҷриба дар Хонаи дӯстии вилояти Ленинград низ истифода карда шавад бисёр фоидаовар мешуд.
Дар охири суҳбат ҷонибҳо оид ба масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷониба мубодила афкор баён карда азм гирфтанд, ки дар тамос бошанд.