Печать

Тоҷикистон ва вилояти Калининград дурнамои ҳамкории байниминтақавиро муҳокима намуданд

on 10 ноябри 2017
Назарҳо: 1691

10 ноябри соли 2017 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо президенти Иттифоқи «Палатаи савдо ва саноати Калининград савдо» Феликс Лапин мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории дуҷонибаро муҳокима карда, ҳамчунин роҷеъ ба роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ байни соҳибкорони Тоҷикистон ва Русия табодули назар намуданд. Тарафҳо ҷиҳати фаъолсозии тамосҳои ду ҷониб баҳри таҳкими робитаҳои байниминтақавии тиҷоратию иқтисодӣ ва ташкили анҷуманҳои соҳибкорон изҳори омодагӣ карданд.
Дар суҳбат бартарии фаъолият дар Минтақаи махсуси иқтисодии Калининград, имконияти интиқоли борҳо тавассути тариқи нақлиёти баҳрӣ ва роҳи оҳан шарҳ дода шуд. Тарафҳо оид ба мубодилаи намояндагиҳои иқтисодӣ мувофиқаи пешакӣ ба даст оварданд.
Бар замми ин масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ муҳокима гардиданд. «Минтақаи Калининград на танҳо аз нигоҳи ҷойгиршавиаш нодир аст: дар ҳудуди на он қадар калон зиёда аз сад миллат сукунат дорад. Тибқи иттилоъи мавҷуда, дар ин ҷо тақрибан 35 ҳазор зодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд», - қайд намуд Сафири Фавқулода ва Мухтор.
Президенти Палатаи савдо ва саноати Калининград Феликс Лапин зарурати тиҷорати Калининградро ба захираҳои меҳнатии соҳибихтисос тасвир кард.
«Барои мо шунидани он ки вилояти Калининград чи гуна зарфият дорад, чи гуна тараққӣ хоҳад кард, донистани рӯйдодҳои зиёди созанда ва хуб хеле ҷолиб буд, - зикр кард Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов. - Акнун вазифа ҷалб намудани ширкатҳои мо барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои минтақаи Калининград аст».
Президенти Палатаи савдо ва саноати Калининград Феликс Лапин қайд кард: «Барои вилояти Калининград чун майдоне барои сармоягузорӣ, кооператсия ҳама гуна робитаҳо бисёр ҷолибанд. Махсусан аз он қаламраве, ки интиқоли захираҳои меҳнатӣ сурат мегирад. Имрӯз мо имкониятҳои беҳсозии ташкили ин ҷараёнро муҳокима кардем. Барои ҷониби Тоҷикистон - ин кафолати он аст, ки шаҳрвандони ин кишвар ба шароити мутамаддини роҳ меёбанд, барои тиҷорати Калининград – кафолати он ки мутахассисони бо салоҳияту тахассуси дахлдор меоянд ва барои мутобиқ шудан дар ҷомеа омодааснд, яъне забони русӣ ва асосҳои фарҳангро медонанд».
Дар вохӯрӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода, Роҳбари Намояндагии Вазорати муҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия Зоҳир Мирзоев иштирок карданд.