Вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон И.Сатторов бо ректори Донишгоҳи федаралии Балтика ба номи И.Кант А.Клемешев дар Калининград

09 ноябри 2017
Назарҳо: 693

9 ноябри соли 2017 дар рафти сафари худ ба Калининград Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо ректори Донишгоҳи федаралии Балтика ба номи Иммануил Кант Андрей Клемешев вохӯрд.
Ҳини суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи федаралии Балтика ба номи Иммануил Кант, инчунин масъалаҳои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар Калининградро баррасӣ намуданд. Зикр гардид, ки ҳоло дар донишгоҳ 48 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунад.
Дар доираи боздид аз Донишгоҳи ба номи И.Кант мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ ва намояндагони ҷамъияти тоҷикони муқими вилояти Ленингради Федератсияи Россия баргузор гардид.
Дар баромади худ Сафир ба донишҷӯён ва ҳамватанон роҷеъ ба муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Россия, аз ҷумла, сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм, дастгирии ҷавонон аз ҷониби Ҳукумат ва фароҳам овардани шароитҳои муносиб барои таҳсил дар Тоҷикистон ва Россия маълумот дод.
Ҳамчунин зикр гардид, ки бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи он дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии кишвар дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар декабри соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки соли 2017 Соли ҷавонон эълон карда шавад.
Сафири Тоҷикистон ба намояндагони дисапораи тоҷик ва ҳамватанони муқими вилояти Калининград барои саҳмашон дар рушду таҳкими робитаҳои байнидавлатии байни кишварҳои мо изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар идомаи чорабинӣ бо иштирокчиёни вохӯрӣ суҳбати эътимодбахш сурат гирифт. Донишҷӯёни тоҷик роҷеъ ба шароитҳои таҳсил ибрози андеша намуда, ба Сафир ва роҳбариати донишгоҳ саволҳо доданд.
Намояндагони диаспораи тоҷик роҷеъ ба чорабиниҳои фарҳангӣ ва дигар ташаббусҳои доиркардаашон, инчунин таасуроташон оид ба Калининград табодули назар карданд.
Дар вохӯриҳои зикршуда Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода, Роҳбари Намояндагии Вазорати муҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия Зоҳир Мирзоев иштирок карданд.