Гирдиҳамоӣ ба шарафи Рӯзи Ғалаба дар қабристони бародарии «Березовая аллея» дар шаҳри Любан

on 09 майи 2017
Назарҳо: 1789

Субҳи 9 майи соли 2017 дар рӯзи 72-солагии Ғалабаи халқи шӯравӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ курсантҳо, донишҷӯён ва фаъолони диаспораи тоҷики муқими Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ҳамроҳи Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ба шаҳри Любан рафтанд.
Гурӯҳи ошпазони тоҷик аз ин ҳам барвақттар тарафи Любан раҳсипор шуд, то барои иштирокчиёни гирдиҳамоӣ бо нону шириниҳою мева ва палов дастархон орояд. Чанд сол боз намояндагони диаспораи тоҷик якҷоя бо сокинони ин шаҳр Рӯзи Ғалабаро якҷоя қайд мекунанд, ба иштирокчиёни гирдиҳамоӣ палов пешкаш мекунанд.
Хотирнишон мекунем, ки дар шаҳри Любан дар қабристони бародарие, ки «Аллея героев» ном гирифтааст ва ҳамроҳи фарзанди халқи тоҷик Туйчӣ Эрҷигитов беш аз 14 ҳазор нафат гӯронида шудааст, 9 майи соли 2015 нимпайкараи ин қаҳрамон аз Тоҷикистон гузошта шуда буд.
Рӯзи ҷашнии 9 май дар шаҳри Любан чун анъана аз роҳпаймоии тантанавӣ аз майдони Сесадсолагии Любан ба «Берёзовая аллея» шурӯъ шуд. Дар ин вақт дар «Берёзовая аллея» таҳти оҳангҳои сурудҳои ҷангӣ садҳо касон расидани қатори роҳпаймоёнро интизор буданд. Дар роҳпаймоӣ кормандони ташкилотҳои шаҳр, мактабҳо, бағчаҳои бачагона, созмонҳои ҷамъиятӣ, Клуби ҳарбӣ-ватандӯстии «СКЛОН», отряди ҷустуҷӯии «Любан», собиқадорон иштирок карданд. Дар қатори хотира «Бессмертный полк»-и Любан ҳам қадам мезад. Калонсолону хурдсолон бо садҳо акси падару бобо ва бобокалонҳои худ аз кӯчаҳои Любан гузаштанд.
Чорабинӣ аз ду қисм иборат буд: расмӣ – суханронии табрикии роҳбарони маъмурияти Любан ва ҳайати тоҷикистонӣ, ва ҳунарӣ – консерти дастаҳои эҷодии диаспораи тоҷик ва ҷавонони Любан ва шарафи иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ. Роҳбари маъмурияти Любан Н.П.Николаев иштирокчиёни гирдиҳамоиро ба муносибати Рӯзи Ғалаба табрик намуда, риштаи суханро ба Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризодаро дод.
Зимни суханронии табрикии худ Д.Назризода зикр кард, ки дар солҳои ҷанг аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ба фронт фиристода шуд, ки аз се як қисми онҳо ба хона барнагаштанд – барои озодкунии Ватани умумӣ аз фашистони истилогар чизи аз ҳама қиммат – ҷони худро доданд. «Ҷасорати қаҳрамонони шарафманди мо дар мубориза ба муқобили фашизм ба хотири таъмини сулҳу ҳифзи Ватан дӯстию ягонагии халқҳоро мустаҳкам намуданд, ва имрӯз хотираи онҳо таҳкурсии мустаҳками муносибатҳои Тоҷикистону Россия мебошад» - қайд намуд дипломати тоҷик.
Пас аз гирдиҳамоӣ консерти идона доир гардида, намояндагони диаспораи тоҷик ба иштирокчиён палову хӯрданиҳои дигар пешкаш намуданд.