Печать

Гулгузорӣ дар оромгоҳи Пискарёви Санкт-Петербург ба муносибати 72-юмин солгарди Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ

on 08 майи 2017
Назарҳо: 1552

8 майи соли 2017 дар қабристони ёдгории Пискарёви шаҳри Санкт-Петербург маросими тантанавӣ-мотамии бахшида ба 72-юмин солгарди Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ баргузор гардид.
Раиси Шӯрои Федератсияи ФР Валентина Мавиенко, намояндаи ваколатдори Президенти Россия дар округи федералии Шимолу Ғарб Николай Суканов, губернатори Санкт-Петербург Георгий Полтавченко ва аъзои ҳукумати шаҳр, раиси Маҷлиси қонунгузории шаҳр Вячеслав Макаров дар пояи муҷассамаи Модар-Ватан гулдаставу гулчанбарҳо гузоштанд.
Ҳамчунин гулдавставу гулчанбарҳо аз губернатор, ҳукумат ва Маҷлиси қонунгузори вилояти Ленинград, аз Суди конститутсионии ФР, фармондеҳии Округи ҳарбии ғарбӣ ва сарфармондеҳии Флоти ҳарбӣ-баҳрии Россия, аз Суди оинномавии Санкт-Петербург, аз вакилони Думаи давлатии ФР, аз намояндагони минтақаҳои ФР дар Санкт-Петербург, ходимони динҳо, намояндагони ҳайати дипломатӣ, намояндагони мақомоти федералии ҳокимияти ФР, аз созмонҳои собиқадорон, ҷавонон ва ҷамъиятӣ гузошта шуданд.
Дар маросими гулгузорӣ кормандони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург бо роҳбари Консули генералӣ Давлаталӣ Назризода ширкат варзиданд.
Он рӯз ҳазорон сокинони Петербург ба қабристони Пискарёв омада, хотири қурбониёни Ҷанги бузурги ватаниро арҷ гузоштанд.