Печать

Ифтитоҳи Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург

on 16 март 2017
Назарҳо: 1427

16 марти соли 2017 маросими ботантанаи ифтитоҳи Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург доир гардид.
Дар маросими кушодашавии намояндагии нави дипломатии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов, Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар Санкт-Петербург Владимир Запевалов, намояндагони расмии маъмуриятҳои Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, муовини Котиби генералии Шӯрои Ассаблеяи байнипарлумонии ИДМ – намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибод Раҳимов, фаъолони диаспораи тоҷик ва донишҷӯёне, ки дар мактабҳои олии Санкт-Петербург таҳсил мекунанд, иштирок доштанд.
Дар суханронии табрикии худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ифтитоҳи Консулгарии генералиро рӯйдоди муҳим дар муносибатҳоли дуҷониба арзёбӣ намуда, зикр намуд ки ин шаҳодати сатҳи муносибатҳои байни ду кишвар аст. Сафир Тоҷикистон қайд кард: «Ин лаҳзаи таърихист, мо бори нахуст дар тули таърих дар Санкт-Петербург Консулгарии генералӣ ифтитоҳ менамоем. Ин барои мо рӯйдоди муҳим аст». Қайд гардид, ки фаъолияти Консулгарии генералӣ на фақат раванди хизматрасонии консулиро ба шаҳрвандони Тоҷикистон осон хоҳад кард, балки ба рушду таҳкими ҳамкории байниминтақавӣ низ мусоидат хоҳад намуд.
Бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург дар кӯчаи Тамбовская, хонаи 10 воқеъ аст.