Печать

Барқияи тасаллияти Президенти Тоҷикистон ба Президенти Федератсияи Россия

on 12 феврали 2018
Назарҳо: 1533

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари фоҷеабори суқути ҳавопаймои мусофирбарро дар вилояти Москва, ки боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо шаҳрвандони Федератсияи Россия гардид, бо андуҳи амиқ ва эҳсосоти дарду алам дарёфтам.
Дар робита ба ин талафоти вазнин ҳамдардӣ иброз намуда, ба наздикон ва пайвандони фавтидагон тасаллияти самимии хешро изҳор менамоям».