КОНСУЛГАРИИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР ШАҲРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ

07 феврали 2018
Назарҳо: 175

7 феврали соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Кордори Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Ковертро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

06 феврали 2018
Назарҳо: 202

6 феврали соли 2018 Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳю Стенли Филпоттро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Британияи Кабир мубодилаи афкор намуданд.