КОНСУЛГАРИИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР ШАҲРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ

Суханрониҳои Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

ВАЗОРАТИ
КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶТ

Аз 3 то 9 апрели соли 2024 дар «Театр-фестивали «Балтийский Дом» дар шаҳри Санкт-Петербург XXVI-мин Фестивали театрҳои руси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин фестивал Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский муаррифӣ карда, бо намоиши пиесаи драмотурги фаронсавӣ Молер «Тартюф» ҳозиринро шод гардонд.

 

Дар шаҳри Санкт-Петербург бо дастгирии маҷаллаи «Индустрия Туризма и Культуры» ва сомонаи «Клуб Приключений» як силсила мақолаҳо оид ба имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвонии «20 мавзеи сайёҳии Тоҷикистон» ба нашр расид.     

Пайванд: https://www.vpoxod.ru/page/toponym/tadzhikistan_info

23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари ҳамлаи золимонаи террористӣ ба маҷмааи «Крокус Сити Холл» дар наздикии Москва, ки бар асари он шумораи зиёди шаҳрвандони Русия ба ҳалокат расида ва захмӣ шуданд, боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Мо ин кирдори зӯроварии ғайрииинсониро, ки наметавонад бо ягон далел асоснок карда шавад, қотеона маҳкум мекунем.

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Русия таъзияву тасаллиёт ва ҳамдардии самимии ин ҷонибро иброз менамоям. Хоҳони шифои оҷили ҳамаи осебдидагон ҳастем».

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Амали террористии даҳшатнок бар зидди шаҳрвандони осоишта дар Маҷмааи консертии Крокус-Сити дар ш. Москваи Федератсияи Русияро қотеона маҳкум мекунем.

Бо изҳори таъзияи амиқ ва ҳамдардӣ ба пайвандону наздикони фавтидагон, ҳамчунин ба зарардидагон шифои комил хоҳонем.

Дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург бахшида ба иди Наврӯзи хуҷастапай, оини бостонии ниёгон чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид.

Барои таҷлили он меҳмонони маҳалли иқомат, корпуси консулӣ, ҳамватанон ва донишҷӯён даъват гардиданд. Меҳмонон аз намоиши рамзҳои Наврӯзи баҳори дилафрӯз, дастархони миллӣ ва рақсу сурудҳои тоҷикӣ аз наздик ошно шуданд.

31.12
Назарҳо: 592

Консулгарии Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт Петербург

Апрель 2024
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Навор

  • Герб
  • Парчам
  • Суруди миллӣ

НИЗОМНОМА
Дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон


1. Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

ИДОМА

НИЗОМНОМА
Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

ИДОМА

НИЗОМНОМАИ
Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

I. Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ифодагари дӯстии пойдори ҳамаи халқу миллатҳои кишвар мебошад.

ИДОМА
Корёбӣ

 

...............................................................
....................................................................

 

.......................................................................
...........................................................
..........................................................................

Пайвандҳои муфид

  • САЙТ ПРЕЗИДЕНТ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН